Тартиби онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз

  1. Хизматрасонии (сервис) «Тартиби онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз» ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон имконият медиҳад, ки вақти худро сарфа намуда, пешакӣ барои қабул дар Кумитаи андоз сана ва вақти ба худ муносибро барои муошират интихоб намоянд.
  2. Тартиби бо тариқи онлайн номнавис намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон тибқи нақшаи кории интихобгардидаи Кумитаи андоз амалӣ гардида, бо назардошти вақти муносиб барои сабт ба роҳ монда мешавад.
  3. Номнавис барои қабул дар Кумитаи андоз ҳамарўза бемаҳдудият тавассути сомонаи расмӣ (www.andoz.tj) ва Бахши иттилоотии (бо рақами «151») Кумитаи андоз сурат мегирад.
  4. Қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мутасаддии мақомоти андоз дар рўзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 ва аз ҷониби Роҳбарияти Кумитаи андоз тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мегардад.
  5. Андозсупоранда ё шахсони воқеӣ дар доираи як вохурӣ метавонад аз як то се мавзўи муоширатро интихоб намоянд.
  6. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок банд будани шахси мутасаддии мақомоти андоз (қабулкунанда) вобаста ба хизматрасонии интихобгардида, оғози қабул метавонад аз вақти муқарраргардида дертар оғоз шавад, вале ба андозсупоранда кафолат дода мешавад, ки ў дар давоми 30 дақиқа қабул мегардад.
  7. Дар сурати зиёда аз 10 дақиқа таъхир намудани аз муҳлати барои қабул муайяншуда, муроҷиаткунанда аз тартиби хизматрасонии аввалиндараҷа маҳрум гардида, хизматрасонӣ тибқи тартиби умумии навбатгирӣ анҷом дода мешавад.
  8. Хизматрасонии афзалиятнок тибқи сабти пешакӣ дар асоси шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:
    - мутобиқати маълумотҳо дар ҳуҷҷати шахсии пешкашгардида бо маълумотҳои пешниҳодшуда ҳангоми сабт тариқи онлайн;
    - муроҷиат барои хизматрасонии интихобгардида дар вақти сабти онлайн.

Таваҷҷуҳ! Маълумотҳои дохилнамудаи Шумо ба сервери Кумитаи андоз интиқол дода мешавад. Ин маълумотҳо барои номнавис гардидан дар реҷаи онлайн барои қабул дар Кумитаи андоз истифода мешаванд. Шумо метавонед тибқи рақами (логин) ирсолгардида ва ҳуҷҷате, ки шахсияти Шуморо тасдиқ менамояд дар вақти муайянгардида ба Кумитаи андоз ташриф оред.


Оё шумо ба шартҳои хизматрасонӣ розӣ ҳастед?